Хуҷанд. 28-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Исфара дар мавзӯи «Шарикии иҷтимоӣ дар мубориза бар зидди зӯроварӣ дар хонавода» мизи мудаввар баргузор мешавад, ки ба барррасии масъалаҳои ҷой доштани ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила, баробарҳуқуқии гендерӣ, риояи ҳуқуқи занон дар минтақа ва танзими фаъолияти мақомоти давлати ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ин самт бахшида мешавад.
Тавре иҷрокунандаи вазифаи директори филиали иттиҳодияи ҷамъиятии «Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон»-и шаҳри Хуҷанд Сайфулло Эргашев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар мизи мудаввар намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва созмонҳои байнулмилалии ҷамъиятӣ иштирок хоҳанд кард.
С.Эргашев бар ин назар аст, ки натиҷаҳои мушоҳидаҳои ахир ба он гувоҳӣ медиҳанд, ки то ҳанӯз дар ҷомеа ҳодисаҳои поймол ва маҳдудкунии ҳуқуқи занон ҷой доранд. «Ин масъалаҳо дар маркази диққати мизи мудаввар қарор хоҳанд гирифт», – гуфт ӯ ва афзуд, ки чорабинӣ аз ҷониби Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва Дафтари САҲА дар Душанбе созмон дода шудааст.


