Ба соҳибкорони Кӯлоб дар давраи моратория ҳисси масъулият доштанро меомӯзанд

Date:



           

Кӯлоб. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Раёсати минтақавии Агентии «Тоҷикстандарт» дар Кӯлоб аз пагоҳ барои соҳибкорони 6 ноҳияи минтақа баргузории як силсила семинарҳои омӯзиширо оғоз мекунад.





           

Тавре сардори раёсат Рустам Неъматов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар се моҳи гузашта пас аз қабули мораторияи дусола ба тафтиши сохторҳои соҳибкории хурду миёна на ҳамаи соҳибкорон моҳияти онро ба хубӣ дарк кардаанд. «Чанде хаёл карданд, ки акнун ба ҳама кор даст задан мумкин аст, вале воқеият бозгӯи он аст, ки дар ин самт амал кардан зарур аст», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи ӯ, соҳибкоронро лозим аст, акнун вазифаҳои назоратиро ба зиммаи худ гиранд, то аз сифати маҳсулот ва сатҳи хизматрасонии онҳо шаҳрвандон шикоят надошта бошанд. «Аз ин рӯ, лозим аст, ки дар ин ду сол ҳисси масъулият ба зиммаи худи соҳибкорон вогузор гардад ва семинарҳои омӯзишӣ маҳз бо ҳамин мақсад гузаронида мешаванд», – афзуд Р.Неъматов.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...