Корпоратсияи савдо ва саноати Сан-Баои Чин дар Тоҷикистон корхонаи сементбарории иқтидораш 1 миллион тонна бунёд мекунад

Душанбе. 15-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Корпоратсияи савдо ва саноати Сан-Баои Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон корхонаи сементбарории иқтидораш 1 миллион тонна бунёд кунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, ин ва дигар масъалаҳои ҳамкорӣ дирӯз дар ҷараёни вохӯрии раиси палата Шариф Саид бо ҳайати […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 15-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Корпоратсияи савдо ва саноати Сан-Баои Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон корхонаи сементбарории иқтидораш 1 миллион тонна бунёд кунад.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, ин ва дигар масъалаҳои ҳамкорӣ дирӯз дар ҷараёни вохӯрии раиси палата Шариф Саид бо ҳайати корпоратсияи чиноии Сан-Бао ба сарварии муовини сарвари кулли корпоратсия – Гао Чжизун баррасӣ гардид.



Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷараёни сафар намояндагони ширкати чиноӣ мавзеъи сохтмони корхонаи сементро муайян намуда, бо шароитҳои маҳаллӣ шинос хоҳанд гашт.



Дар ҷараёни мулоқот қайд гардид, ки заминаи ҳуқуқӣ барои татбиқи ин лоиҳа – Созишнома дар бораи бунёди корхонаи семент дар Тоҷикистон мебошад, ки аз тарафи раиси палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, президенти Корпоратсияи савдо ва саноати Сан-Баои Синзян ва раиси ширкати байналмилалии захиравии Синзян дар ярмаркаи Урумчӣ ба тасвиб расид. Мувофиқи ин санад, корхонаи семент пурра аз ҳисоби маблағҳои ҷониби Чин бунёд хоҳад ёфт.

   



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.