Дар Минск лоиҳаи қарор дар бораи созмонҳои ветерании кишварҳои узви ИДМ баррасӣ мешавад

Душанбе. 13-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷаласаи дуюми гурӯҳи коршиносон оид ба мувофиқаи лоиҳаи Қарор дар бораи созмонҳои ветераниии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пасфардо дар шахри Минск баргузор мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мушовири хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳод – Мария Гутсало хабар дод, дар ҷаласа масоили вобаста ба ташкили сохторҳои давлатӣ оид ба […]

Баҳром Маннонов


Душанбе. 13-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷаласаи дуюми гурӯҳи коршиносон оид ба мувофиқаи лоиҳаи Қарор дар бораи созмонҳои ветераниии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пасфардо дар шахри Минск баргузор мешавад.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мушовири хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳод – Мария Гутсало хабар дод, дар ҷаласа масоили вобаста ба ташкили сохторҳои давлатӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти созмонҳои собиқадорон дар кишварҳои узви Иттиҳод ва расонидани кӯмакҳои молиявӣ аз тарафи давлат ба онҳо баррасӣ мегардад.



Ба гуфтаи хонум Гутсало, ба лоиҳаи мазкур ҳамчунин пешниҳодҳо ба Шӯрои ҳамоҳангсозии Иттифоқи байналмилалии «Иттиҳоди ташкилотҳои ҷамъиятии собиқадорони давлатҳои мустақил» ҷиҳати идомаи ҳимояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу манфиатҳои иқтисодии собиқадорон, фаъол намудани корҳо оид ба тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон, ифшои таҳрифгарони таърихи рушди кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид гардидааст.




 

Баъди мувофиқаи комил, санади мазкур барои баррасӣ ба Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳод пешниҳод мегардад.

 





 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.