Душанбе. 16-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – 31-уми декабр дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт Шоу-консерти идона бо фейерверкҳои солинавӣ барои меҳмонон ва сокинони пойтахт доир карда мешавад.
Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чанде қабл дар ин хусус қарори раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расид.
Тибқи муқаррароти Қарори мазкур корҳои ороиши мавзӯии шаҳр то 25-уми декабр ба сомон расида, 27-уми декабр соати 10-00 дар толори бинои Сирки давлатӣ
барномаи консертии Арчаи Солинавии шаҳрдорӣ барои кӯдакон, 31-уми декабр аз соати 12 то 14 барномаҳои фарҳангӣ дар Боғҳои Дӯстии халқҳо, ба номи С. Айнӣ, Кӯли Комсомол ва майдони 800-солагии Москва ва аз соати 20 то 22 дар майдони «Дӯстӣ» Шоу-консерти идона бо фейерверкҳои Солинавӣ барои меҳмонон ва сокинони пойтахт доир карда мешавад.





