Дар Тоҷикистон нуқтаи хизматрасонии мошинҳои боркаши «БелАз» ифтитоҳ мегардад

Date:



           

Душанбе. 22-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Аввалҳои соли оянда дар шаҳри Роғун нуқтаи хизматрасонии мошинҳои боркаши «БелАз»-и Белоруссия ифтитоҳ мегардад.





           

Тавре сардори хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Тоҷинисо Азизова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҳафтаи гузашта зимни боздиди муовини аввали вазир Маҳмадшариф Ҳақдодов бо муовини аввали вазири умури хориҷии Белорус Игор Петришенко дар бораи таъсиси сохтори хизматрасонии Иттиҳодияи истеҳсолии «БелАз» дар Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шуд. И.Петришенко ҳамраиси комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Белорус оид ба масоили ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ мебошад.




           

Ба гуфтаи манбаъ, тайи ду соли ахир Тоҷикистон беш аз 200 адад мошинҳои навъи «БелАз»-ро харидорӣ намудааст ва соли оянда барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» харидории техникаи иловагӣ ва ҳамчунин тракторҳои корхонаи тракторбарории Минск (МТЗ) дар назар аст.




           

Ёдрас мекунем, ки айни замон дар Тоҷикистон корхонаи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба истеҳсоли трактор амал мекунад. Тибқи тасдиқи коршиносон, ин тракторҳо аз тракторҳои истеҳсоли Белорус ҳеҷ камӣ надошта, хароҷоти сӯзишворӣ дар онҳо нисбатан камтар аст ва гузашта аз ин, арзишашон низ пасттар аст.

 


 



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...