Душанбе. 22-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе рӯзи 24-уми декабр бахшида ба таҷлили ҷашни 100-умин солгарди олими таърихшиноси маъруф, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров маҷлиси ботантана баргузор мешавад.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давал ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар маҷлис иштирок ва маърӯза кардани президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.
Ба гуфтаи манбаъ, барои иштирок дар ҷаласа олимони шинохтаи тоҷик ва ҳамтоҳои хориҷии онҳо аз кишварҳои хориҷи дуру наздик, аъзои ҳукумати ҷумҳурӣ, вакилони парлумон, намояндагони зиёиён ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон даъват шудаанд.


