Ҳукумати Тоҷикистон тарофаҳои нави истифодаи нерӯи барқро тасдиқ кард

Date:



           

Душанбе. 31-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳукумати То


ҷ


икистон тарофаҳои нави истифодаи нер


ӯ


и барқро, ки аз 1-уми январи соли 2009 ҷорӣ мегарданд, тасдиқ кард.





           

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ба ҷуз КВД «Талко», барои дигар истифодабарандагон арзиши нерӯи барқ ба андозаи 25 дарсад боло меравад. «Дар шароити бӯҳрони молиявӣ, ки бар асари он нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ коҳиш ёфт, бо мақсади дастгирии истеҳсолот тасмим гирифта шуд, ки арзиши истифодаи нерӯи барқ барои ин ширкат бетағйир гузошта шавад ва он чун пештара барои 1 кВт/соати он 5,5 дирам пардохт хоҳад кард», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки чунин арзиш аз моҳи майи соли равон ҷорӣ гашта буд.




           

Ба иттиллои манбаъ, аз оғози соли оянда аҳолӣ барои истифодаи нерӯи барқ бо назардошти андози аз арзиши изофа 6 дирам пардохт хоҳад кард ва ин дар ҳолест, ки арзиши он то кунун ба 4,8 дирам баробар буд.




           

Ёдовар мешавем, ки бори охир арзиши истифодаи нер


ӯ


и барқ дар То


ҷ


икистон моҳи майи соли


ҷ


ор


ӣ


афзоиш ёфта буд. Аз оғози соли нав арзиши истифодаи нерӯи барқ барои корхонаҳои саноативу ғайрисаноатӣ ба андозаи 13,68 дирам, барои муассисаҳои буҷавӣ ва бахши коммуналӣ – 5,44 дирам, барои пойгоҳҳои обкашӣ ва нақлиёти барқӣ- 3,64 дирам муқаррар гардид.




ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...