Қатъи интиқоли нерӯи барқи Туркманистон

Date:



           

Душанбе. 4-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Шурӯъ аз 1-уми январи соли 2009 интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба ҷумҳурии мо тавассути шабакаҳои барқии Ӯзбекистон қатъ гардид.





           

Тавре сармуҳандиси ШСХК «Барқи тоҷик» Рашид Гулов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, сабаби аслии қатъи интиқоли барқ дар он аст, ки Тоҷикистон то ҳанӯз бо Ӯзбекистон ҷиҳати интиқоли барқи Туркманистон тавассути қаламраваш барои соли 2009 шартнома ба имзо нарасонидааст. «Рӯзҳои наздик мақомоти раҳбарии ширкат ҷиҳати тасвиби қарордоди убури нерӯи барқ тавассути шабакаи барқи кишвари ҳамсоя озими Ӯзбекистон хоҳад гашт», – гуфт ӯ.




           

Мавсуф таъкид сохт, ки то ахири соли гузашта ҷумҳурӣ аз Туркманистон нерӯи барқи пешбинишуда дар ҳаҷми 400 млн. кВт/соатро гирифтааст. «Соли ҷорӣ тибқи қарордод, мо бояд аз Туркманистон боз 800 млн. кВт/соат нерӯи барқ ворид созем», – изҳор дошт Р.Гулов ва афзуд, ки қатъи интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба реҷаи таъмини аҳолии шаҳри Душанбе бо барқ ҳеҷ таъсире нахоҳад расонд.




           

Ёдрас мекунем, ки интиқоли нерӯи барқи Туркманистон тавассути шабакаҳои барқии Ӯзбекистон ба кишвари мо аз 1-уми ноябр шурӯъ гардид. Тибқи созишномаи соли 2007 миёни Туркманистону Тоҷикистон,

 

кишвари ҳамсоя бояд то соли 2012 ба Тоҷикистон ҳамасола дар давраи тирамоҳу зимистон дар ҳаҷми 1,2 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол диҳад. Дар нишастҳои ИДМ ва ЕврАзЭС дар Бишкек сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷиҳати интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба кишвари мо тариқи шабакаҳои барқи Ӯзбекистон мувофиқа ҳосил карданд. 18-уми октяр дар Алмаато дар ин хусус тавофуқи ниҳоӣ ҳосил гардид. Тоҷикистон барои 1 кВт/соат нерӯи барқ ба Туркманистон 3 сент ва барои убури (транзити) он ба Ӯзбекистон 0,3 сент маблағ пардохт мекунад.






 



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...