Душанбе. 4-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ба таъмири асосии дусолаи Маркази барқу гармидиҳии Душанбе аз буҷаи давлатӣ беш аз 2 млрд. 800 ҳазор сомонӣ (824 ҳазор $) маблағ ҷудо гардид.
Тавре аз маркази мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, инчунин дар ин давра ширкати «Барқи тоҷик» марказро бо қисмҳои эҳтиётӣ таъмин сохта, пас аз баргузории таъмири асосӣ дар марказ ва дегхонаҳои Ғарбиву Шарқӣ ҳамарӯза беш аз 1 млн. 800 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ ва то 3 ҳазор гигакалорий гармӣ тавлид мегардад ва кунун эҳтиёҷоти сокинони пойтахт мунатазам қаноатбахш карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, агар солҳои 2003-2004 дар марказ 106 млн. кВт/соат нерӯи барқ ва 260 ҳазор гигакалорий гармӣ истеҳсол шуда бошад, солҳои 2007-2008 ин рақамҳо мутаносибан ба 380 млн. кВт/соат нерӯи барқ ва 585 Гкал гармӣ баробар шудаанд. Манбаъ афзуд, ки аз 30 ҳазор тонна мазути захирашуда то кунун 10 ҳазор тоннааш масраф шудааст.


