Узви фаъоли «Салафия»: «Салафия» созмон ё ҳаракати мушаххасе нест, ки онро мамнӯъ созӣ, балки танҳо як идеология асту халос

Date:


Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Яке аз аъзои фаъоли равияи «Салафия» Раҳматуллоҳ Раҳматов дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар мавриди шарҳи қарори имрӯзаи Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ дар бораи мамнӯъ эълон кардани фаъолияти равияи «Салафия» дар Тоҷикистон чунин изҳори ақида кард, ки «Салафия» созмон ё ҳаракати мушаххасе нест, ки онро мамнӯъ созӣ, балки танҳо як идеология асту халос.




Р.Раҳматов мегӯяд, мазҳаб ва ақидаҳои динии ӯ хилофи қонуну шариат нестанд. Қобили зикр аст, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон қабули қарори мазкурро чун далели ҳифзи сохти конститутсионӣ, таҳкими амнияти миллӣ ва пешгирии сар задани низоъҳои байнимазҳабӣ маънидод мекунанд.



Дар ҳамин ҳол, мавсуф аз он изҳори нигаронӣ кард, ки «паҳн кардани адабиёти христианиро касе манъ намесозад», «исмоилиҳову шиаҳо дар Тоҷикистон ҳуқуқи фаъолият доранд, ҳарчанд дар Ироқ шиаҳо муқобили сунниҳо меҷанганд». «Салафияро бошад, ба рӯйхати ҳаракатҳои мамнӯъ ворид сохтанд», – гуфт ӯ.



Номбурда афзуд, ки минбаъд низ дар чаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон амал хоҳад кард.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...