Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Агентии давлатии ҳифзи и
ҷ
тимо
ӣ
, шуғли аҳол
ӣ
ва муҳо
ҷ
ирати Вазорати меҳнати ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо раёсати агентии пойтахт 13-уми январи соли
ҷ
ор
ӣ
соати 8 дар Кохи «Ориёно»-и пойтахт ярмаркаи
ҷ
ойҳои кори хол
ӣ
баргузор менамояд.
Тавре муовини аввали Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Анвар Бобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ба хоҳишмандон дар корхонаву муассисаҳои ватанӣ, сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ ва бунёду таъмири роҳҳо беш аз 13 ҳазор ҷойи кории холӣ пешниҳод мегардад.
Ба гуфтаи ӯ, шумори бекорони дар агентии мазкур бақайдгирифташуда феълан 46 ҳазору 200 нафарро ташкил медиҳад. «Соли гузашта дар маҷмӯъ 104 ҳазор ҷойи кории холӣ пешниҳод гардида, мо 25 ҳазору 820 нафар шаҳрвандони ҷумҳуриро бо ҷойи корӣ таъмин намудем», – гуфт ӯ.
Аз агентӣ ҳамчунин иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз баргузории ярмарка коҳиши сафи бекорон дар ҷумҳурӣ ва андешидани чораҳо ба бозгашти муҳоҷирон бинобар бӯҳрони молӣ аст.


