Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз сафири Олмон дар Тоҷикистон хонума Дорис Хертрампф аз дафтари кории Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздид кард.
Тавре аз сафорати Олмон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, хонума Хертрампф чанде қабл ба вазифаи дипломатӣ дар ҷумҳурӣ таъин гардидааст ва айни замон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи кишвар бо як қатор раҳбарони вазорату идораҳо, аҳзоби сиёсӣ ва созмону ташкилотҳои дигар мулоқотҳо доир месозад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни боздид раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба сафир дар бораи фаъолияти ҳизб ҳамаҷониба маълумот дод.
Ёдрас мекунем, ки хонума Хертрампф тирамоҳи соли гузашта ба вазифаи сафири Олмон дар Тоҷикистон таъин гардид.


