Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати молия иттилои мавҷудияти қарзи давлатии Қазоқистон ба маблағи 12 млн. $ дар назди Тоҷикистонро рад месозад.
Дар изҳороти имрӯз интишоргаштаи вазорат гуфта мешавад, ки маблағи 12 млн. $ қарз ба ширкати энергетикии Қазоқистон тааллуқ дошта, он байни ду субъекти хоҷагидор – ширкати «Қазоқистонэнерго» ва «Барқи тоҷик» вуҷуд дорад ва он ба дараҷаи қарзи давлатӣ дохил намешавад.
Гуфта мешавад, ки солҳои ахир Тоҷикистону Қазоқистон ҷиҳати густариши равобити ҳамкорӣ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд ва зимни гуфтушунидҳо масъалаи мазкур низ чандин маротиба мавриди муҳоқима қарор гирифтааст. «Ҳукумати Қазоқистон ахиран пардохти қарзи мазкурро ба ӯҳдаи худ гирифта, ба ивазаш ба кишвари мо гандуму сӯзишворӣ ирсол хоҳад кард», – афзуд манбаъ.


