Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон нисбат ба соли 2007 ба андозаи 4 дарсад коҳиш ёфт.
Дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовара вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғулом Бобозода изҳор дошт, ки соли 2008 дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон ба маблағи 5 млрд. 905 млн. сомонӣ (1,712 млн. $) маҳсулоти саноатӣ тавлид гаштааст.
Дар шарҳи коҳиши истеҳсолот дар соҳаи саноат Ғ.Бобозода гуфт, ба чунин вазъ бӯҳрони энергетикии аввали соли 2008 боис гаштааст, зеро он замон аксари корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият бозмонда, кормандон ба рухсатии меҳнатӣ фиристода шуда буданд.
«Соли 2008 бар асари бӯҳрони энергетикӣ аз 781 корхонаи саноатӣ танҳо 465 корхона пурра фаъолият намуда, дар 233 корхона ҳаҷми истеҳсолот коҳиш ёфт ва 93 корхона умуман аз фаъолият бозмонданд», – таъкид сохт вазир ва афзуд, ки соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли алюминий, пахта ва семент ба таври назаррас кам шуд.


