Душанбе. 10-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Сафири кабири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон Грэм Лотен, ки нимаи ҳамин моҳ ваколаташ ба анҷом мерасад, бо таассуф Тоҷикистонро тарк мекунад.
Дар мулоқоти ахири худ бо рӯзноманигорон Г.Лотен изҳор дошт, ки ӯ нисбат ба дигар сафирон аз ҳама бештар – муддати 4 солу 7 моҳ ба ҳайси сафири кишвараш дар ҷумҳурии мо ифои вазифа намуда, дар ин давра аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ боздид ба амал овардааст ва бо воқеияти Тоҷикистон аз наздик шинос аст. «Ман чунин эҳсос мекунам, ки Тоҷикистонро ояндаи нек интизор аст, зеро бахши сайёҳӣ, тиҷорат ва дигар соҳаҳо дар ҳоли рушд қарор дошта, равобити ҳамкории ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо дигар сохторҳои ҷамъиятӣ густариш меёбанд», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи сафир, дар давоми ифои вазифа ба ӯ муяссар гаштааст, ки қариб дар ҳамаи бахшҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон лоиҳаҳои муҳимро амалӣ созад.
Ёдрас мекунем, ки вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Грэм Лотенро бинобар анҷоми ваколаташ ба ҳузур пазируфта буд. Рӯзҳои наздик мулоқоти сафир бо президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст. Сафири нави Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон Чарлз Мур рӯзи 19-уми январ ба Душанбе хоҳад омад.


