Овозаҳои беасос дар бораи «заминларзаи пуршиддат» аксари мардуми ҷумҳуриро водор сохт, ки шабро дар кӯча рӯз кунанд

Date:


Душанбе. 10-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Аҳолӣ аз бими вукӯъи зилзила манзилҳои худро тарк карда, чанд соати шабро дар кӯчаву хиёбонҳо сипарӣ намуданд.


Маркази зилзиласанҷии шаҳри Душанбе интишори хабар дар мавриди эҳтимоли вуқӯъи зилзиларо шаби 9-ум ба 10-уми январ рад кардааст.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази мазкур хабар доданд, шаби гузашта дар ҳудуди ҷумҳурӣ ягон ҳодисаи зилзила ба қайд гирифта нашудааст. Ба қавли манбаъ, феълан дар ҷаҳон ҷиҳоз ва ё дастгоҳе вуҷуд надорад, ки битавонад вуқӯъи заминҷунбиро пешгӯӣ кунад.



Кумитаи ҳолатҳои изтирории мамлакат ба навбаи худ, овозаҳои ахир дар мавриди ба вуқӯъ омадани заминларза дар ҷумҳуриро дурӯғу беасос хонда, гуфтааст, ки он заминаи воқеӣ надорад.



Мавриди зикр аст, шаби гузашта дар сартосари кишвар миёни мардум овозаҳое паҳн шуданд, ки гӯё дар фосилаи байни соатҳои 23 то 2-и шаб дар миқёси ҷумҳурӣ зилзилае бо шиддати 10 дараҷа ба амал меояд. Ин овозаи кӯчагӣ дар як лаҳзаи кӯтоҳ то ба нуқоти мухталифи кишвар расида, боиси ба таҳлука афтодани мардум гардид. Аҳолӣ аз бими вукӯъи зилзила манзилҳои худро тарк карда, чанд соати шабро дар кӯчаву хиёбонҳо сипарӣ намуданд. Хотиррасон мекунем, охирин бор дар Тоҷикистон заминларза ҳафтаи гузашта ба амал омада буд, ки шиддаташ ба 5 дараҷаи ҷадвали Рихтер баробар буд.

  



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...