Дар Душанбе корҳои ҷорисозии низоми худкори иттилоотиву ҳисобкунии истифодаи нерӯи барқ идома меёбанд

Date:



           

Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати «Барқи тоҷик» дар чаҳорҷӯбаи татбиқи лоиҳаи «Коҳиши талафоти нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе» корҳои ҷорисозии низоми худкори иттилоотиву ҳисобкунии истифодаи нерӯи барқро идома медиҳад.





           

Тавре аз ширкати мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд,

 

бо ин мақсад соли гузашта ба истифодабарандагони барқи пойтахт 11 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ всал гардида, дар соли ҷорӣ насби боз 50 ҳазор адад чунин ҳисобкунак ба нақша гирифта шудааст, ки ҳамин тариқ шумораи умумии он ба 60 ҳазор расонида мешавад.




           

Ба иттилои манбаъ, минбаъд миқдори истифодаи барқро ҳисобкунаки электронӣ мустақилона муайян сохта, истифодабарандагонро лозим аст, танҳо тибқи асноди пешниҳодшуда маблағи онро пардохт намоянд. «Лоиҳаи «Коҳиши талафоти нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе» аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ гардида, ҳисобкунакҳо аз Чин харидорӣ мешаванд», – афзуд манбаъ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...