Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар «Консепсияи аграрии Тоҷикистон», ки ахири моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ гардид, рушди соҳаи пахтакорӣ дар меҳвари асосӣ қарор дорад.
Тавре мудири пажӯҳишгоҳи иқтисодии Академияи улуми кишоварзӣ Ҷалил Пириев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, консепсияи мазкур тамоми масоили марбут ба соҳаи пахтакорӣ, аз қабили вазъи кунунӣ, қарзҳои мавҷудаи хоҷагиҳои пахтакор ва дурнамои рушди онро фаро гирифтааст.
Ҷ.Пириев таъкид сохт, ки тадриҷан соҳаи пахтакорӣ аз ноҳияҳои наздики шаҳрҳо ба минтақаҳо кӯчонида мешавад. «Бо мақсади таъмини беҳтари аҳолии шаҳрҳо бо маҳсулоти кишоварзии хушсифати ватанӣ дар ноҳияҳои наздишаҳрӣ бештар маҳсулоти ғизоии кишоварзӣ истеҳсол хоҳад шуд», – гуфт ӯ.


