Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон нархи истифодаи газ дар соли 2008 ба андозаи 54 дарсад афзуд. Рӯзи 9-уми январ дар вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ин хусус қарори мувофиқ ба имзо расид.
Тавре аз вазорати мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2009 арзиши пардохти истифодаи гази табиӣ барои аҳолӣ беш аз 1 ҳазор сомонӣ барои ҳазор метри мукааб муқарра шуд.
Соли 2008 аҳолӣ барои истифодаи 1 ҳазор метри мукааби газ 688,15 сомонӣ (ҳудуди 200$) пардохт мекард.
Ба иттилои манбаъ, барои корхонаҳои бузурги ҷумҳурӣ, аз қабили КВД «Талко», ҶСП «Тоҷиказот», КВД «Тоҷиксемент» ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе арзиши истифодаи гази табиӣ 983,24 сомонӣ (283 $
) барои ҳазор метри мукааб муқаррар шудааст. Соли 2008 арзиши он барои корхонаҳо ба 647 сомонӣ (беш аз 186 $) баробар буд.
Ёдрас мекунем, ки тибқи созишномаи аз 31-уми декабр миёни «Тоҷикгаз» ва «Узтрансгаз» имзошуда, соли ҷорӣ Тоҷикистон аз Ӯзбекистон дар ҳаҷми 530 млн. метри мукааб газ харидорӣ хоҳад кард ва арзиши он барои 1 ҳазор мети мукааб 240 $ муқаррар шуд.
Лозим ба тазаккур аст, ки дар марҳилаи аввал ҷониби Ӯзбекистон барои 1000 метри мукааб 300 $ талаб дошт, вале пас аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ ба ҳайати Тоҷикистон муяссар гардид, ки арзиши онро ба андозаи 60 $ камтар кунад.


