Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ният дорад, тайёраҳои кӯҳнашудаи Як-40 ва Ан-28-ро ба ҳавопаймоҳои нисбатан замонавии навъи МА-60-и истеҳсоли Чин иваз кунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, феълан гуфтушунидҳо ҷиҳати дарёфти чунин тайёраҳо дар доираи Барномаи ҷудосозии қарзи дарозмуддати имтиёзноки ҳукумати Чин барои Ҷумҳурии Тоҷикистон
идома дорад.
Манбаъ ҳамзамон гуфт, ки ахири ҳафтаи гузашта ширкати ҳавопаймоӣ аз фаъолияти ширкат дар соли 2008 натиҷагирӣ намуд. Дар ҷараёни машварат, аз ҷумла қайд гардид, ки дар соли 2008 тавассути ҳавопаймоҳои ин ширкат 616 ҳазор нафар мусофир ҳамлу нақл шудааст, ки ин нисбат ба соли 2007, ба андозаи 7,2 дар сад зиёд мебошад.


