Вазорати кишоварзӣ аз ҳукумат дархост кард, ки мӯҳлати пардохти қарзҳои хоҷагиҳо аз фючеристон то соли 2021 дароз карда шавад

Date:



           

Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Ҳафтаи гузашта сардори раёсати сиёсати иқтисодӣ ва ояндабинии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Сафар Маҳмадиев зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки аз 140 млн. сомонии дар доираи амалисозии механизми нави маблаггузорӣ ба хоҷагиҳои пахтакор ҷудогардида, беш аз 35 млн. сомонӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ баргардонида шудааст. Ӯ қайд кард, ки вазорат ахири соли гузашта аз ҳукумат дархост кардааст, ки то анҷоми фурӯши маҳсулот, ки моҳи майи соли ҷорӣ пешбинӣ мешавад, ба афзоиши фоизи қарзҳо роҳ надиҳад.





           

Ба қавли номбурда, унвонии ҳукумат вазорат шаш пешниҳод ирсол намудааст, аз ҷумла дароз кардани мӯҳлати пардохти қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор аз фючеристҳо то соли 2021, ки ба санаи 1-уми январи соли 2008 дар ҳаҷми 488 млн. $ аст ва пурра аз байн бардоштани қарзҳои дохилии ин хоҷагиҳо ба маблағи 195 млн. сомонӣ. «Алҳол мо аз ҳукумат посухе нагирифтаем, вале мутмаинем, ки пешниҳоди мо дастгирӣ хоҳад шуд», – гуфт Маҳмадиев.




           

Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон моҳи январ 110 млн. сомонӣ ва апрели соли гузашта боз 30 млн. сомонӣ ба хоҷагиҳои пахтакор маблағи қарзӣ ҷудо намуд. Маблағи мазкур бо фоизи пардохти 18 дарсад миёни бонкҳои ҷумҳурӣ – ҶСП «Тоҷпромбонк», ҶСК «Агроинвестбонк», ҶСК «Ориёнбонк», ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» тақсим гардид.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...