Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳаҷми қарзи давлатии хориҷии Тоҷикистон ба санаи 1-уми январи соли ҷорӣ ба 1 млрд. 371 млн. $ баробар аст, ки 26,7 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳаҷми қрзи давлатии хориҷии кишвар дар зарфи 12 моҳи соли гузашта нисбат ба оғози соли 2008 ба таври номиналӣ ба миқдори 254,2 млн. (ба санаи 1.01.2008 сол ба 1 млрд. 119 млн. $) афзуда бошад ҳам, дар муносибати фоизӣ нисбат ба ММД дар ин давра 3,5 дарсад коҳиш ёфтааст. Зикр гардид, ки ба оғози соли гузашта ҳаҷми қарзи давлатӣ нисбат ба ММД 30,2 дарсадро ташкил дод.
«Афзоиши ҳаҷми қарзи давлатӣ аслан ба азхудкунии қарзҳои созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ва бонки «Эксимбонк»-и Чин марбут марбут буда, хизматрасонӣ ва пардохти он дар ин давра 89,4 млн. $-ро ташкил додааст, ки аз ин миқдор 72,3 млн. $ барои пардохти қарзи асосӣ ва 17,1 млн. $ барои пардохти фоизҳои қарзҳо равона гардидааст», – гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, ба хизматрасонӣ ва пардохти қарзи мустақими давлатӣ 56,5 млн. $ равона гардидааст, ки 46,5 млн. доллари он маблағҳои буҷавӣ буда, боз 10 млн. $-и он маблағи КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон аст, ки ҷиҳати пардохти қарзи Тоҷикистон дар назди Ӯзбекистон барои транзити бор пардохта шудааст.


