Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати афзоиши истеҳсолот дар бахши кишоварзӣ ва беҳбуди худидоракунии маҳаллӣ дар ноҳияҳои Панҷу Конибодом дар муддати 24 моҳ ба Агентӣ оид ба ҳамкории фаннӣ ва рушд (
ACTED
) ба маблағи 1 млн. 346 ҳазор Евро шартнома ба имзо расонид.
Тавре аз намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, амалисозии лоиҳаи мазкур ба ташкили кооперативҳои нав, баланд бардоштани донишу таҷрибаи фермерон, роҳандозии тиҷорат дар хоҷагиҳо ва дастгирии қишри осебпазири ҷомеа равона гардидааст.
Лоиҳа дар 90 деҳаи 11 ҷамоати ноҳияҳои Панҷу Конибодом, ки дар онҳо ҳудуди 208 ҳазор нафар аҳолӣ ба сар мебарад, дар ҳамдастӣ бо аҳолии деҳот ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ татбиқ мегардад.


