Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Телевизиони давлатии Тоҷикистон дар Аврупо намояндагии худро боз карданист.
Ба қавли директори телевизиони «Сафина» Маҳмадсаид Пиров, «дар ин хусус чанде қабл бо сафорати Олмон дар Тоҷикистон гуфтушунид шудааст. «Дар намояндагие, ки мо боз карданием, на танҳо шабакаҳои давлатӣ, балки хусусӣ низ метавонанд барномаҳои худро пахш созанд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки маоши рӯзноманигороне, ки хоҳиши дар Аврупо кор кардан доранд, аз 5 то 7 ҳазор доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод.
Номбурда гуфт, баргузории озмун барои рӯзноманигорон рӯзҳои наздик тариқи шабакаҳои телевизиони мҳаллӣ эълон карда хоҳад шуд. «Дар навбати худ шабакаи телевизионии «Ал ҷазира»-и Қатар ба ифтитоҳи намояндагиаш дар Тоҷикистон мароқ зоҳир месозад», – афзуд М.Пиров.


