Шаҳрдории Душанбе дархости ҲНИТ дар мавриди баргузор кардани як тазоҳуротро ба дастгирии мардуми Фаластин рад сохт

Date:


Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрдории Душанбе ба дархости Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон дар мавриди баргузор кардани як тазоҳуроти осоишта ба нишони эътироз аз амалиёти низомии Исроил дар навори Ғазза посухи рад додааст.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси ҳизб – Ҳикматулло Сайфуллозода хабар дод, чанд рӯз қабл ба дафтари ҳизби онҳо дар робита ба ин мактубе аз ҳукумати шаҳри Душанбе бо имзои муовини аввали раиси шаҳр – Абдусаттор Сулаймонов ворид гардидааст. «Дар нома гуфта мешавад, ки ҳизби мо гӯё чанде аз муқаррароти қонун дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоиштаро иҷро накардааст», – гуфт ӯ. Посухи шаҳрдории Душанбе феълан аз сӯи роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баррасӣ мешавад.



Ёдовар мешавем, 7-уми январ Ҳизби наҳзати исломӣ бо ирсоли номаи расмӣ аз шаҳрдории Душанбе хост, ки барои баргузории як тазоҳуроти осоишта ба ҷонибдории мардуми Фаластин иҷозат диҳанд. Бояд гуфт, Исроил инак 3 ҳафта мешавад, ки бо истифода аз техникаи ҷангӣ ва пиёданизом дар навори Ғазза амалиёти низомӣ мебарад. Тайи ин муддат зиёда аз ҳазор фаластинӣ ва 13 исроилӣ кушта шуданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...