Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Бо супориши сарвари давлат КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» моҳи сентябри соли равон ният дорад сохтмони роҳи оҳани самти «Ваҳдат-Ёвон»-ро ба масофаи
46 км
шурӯъ намояд.
Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар марҳилаи аввал корхона сохтмонро аз ҳисоби маблағҳои худӣ оғоз карда, сипас ҷалби сармоягузорони хориҷӣ низ аз эҳтимол дур нест.
Ба гуфтаи ӯ, ояндаи наздик шурӯъи сохтмони роҳи оҳани самти «Колхозобод-Панҷи Поён» дар назар аст, ки он тадриҷан Тоҷикистонро тавассути Афғонистон бо Эрон мепайвандад ва бунёди роҳ аз ҷониби Эрон аллакай оғоз гардидааст. «Ҳамчунин пешниҳоди сохтмони роҳи оҳан ба Чин тариқи қаламрави Қирғизистон низ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад», – афзуд Амонулло Ҳукуматулло.


