Хоҷагиҳои пахтакори кишвар ба «Амонатбонк» беш аз 4 млн. $ қарз аз маблағҳои ҳукуматиро баргардониданд

            Душанбе. 16-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Хоҷагиҳои пахтакори кишвар ба «Амонатбонк» ҳудуди 15 млн. сомонӣ (беш аз 4 млн. $) қарз аз маблағҳои ҳукуматиро баргардониданд.             Тавре муовини аввали раиси «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, соли гузашта ба хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳои Суғду Хатлон тавассути бонк дар маҷмӯъ 40 млн. сомонӣ маблағи […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 16-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Хоҷагиҳои пахтакори кишвар ба «Амонатбонк» ҳудуди 15 млн. сомонӣ (беш аз 4 млн. $) қарз аз маблағҳои ҳукуматиро баргардониданд.





           

Тавре муовини аввали раиси «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, соли гузашта ба хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳои Суғду Хатлон тавассути бонк дар маҷмӯъ 40 млн. сомонӣ маблағи ҳукумати ҷумҳурӣ ҷудо гардид. «Мувофиқи нақшаи пешбинишуда, ба бонк то санаи 1-уми декабри соли гузашта 12,5 млн. сомонӣ аз қарзи ҳукуматӣ ва 1,117 млн. сомонӣ фоизи қарзҳо баргардонида шуд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи муовини аввали раиси бонк, қисми боқимондаи қарз мувофиқи шартнома бояд то 1-уми апрели соли ҷорӣ пардохт карда шавад. «Феълан пардохти қарз аз ҷониби хоҷагиҳо идома дорад ва ҳаҷми он ба санаи 14-уми январ 14. млн. 800 сомониро ташкил медиҳад», – изҳор дошт Г.Ҳасанова.




           

Дар мавриди ибрози ақида оид ба пешниҳоди вазорати кишоварзӣ перомуни боздошти пардохти фоизи қарзҳо, Г.Ҳасанова зикр кард, ки аз ҷиҳати роҳандозии фаъолияти тиҷоратӣ чунин пешниҳод на он қадр оқилона аст, зеро дар сурати қабули чунин қарор бонкҳо ба мушкилот дучор хоҳанд шуд. « Албатта, мо дарк менамоем, ки ба иллати бӯҳрони молӣ арзиши нахи пахта хеле коҳиш ёфт, вале чунин тарзи ҳалли масъала қобили қабул нест, чунки бонкҳо маҷбур хоҳанд шуд, ки хароҷоти хизматрасонии қарзҳоро аз ҳисоби хул пардохт кунанд», – афзуд ӯ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.