Душанбе. 16-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта тавассути ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон беш аз 47 млн. 381,9 ҳазор тонна бор ҳамлу нақл карда шуд, ки дар муқоиса бо соли пешин 7,7 дарсад зиёдтар мебошад.
Соли 2008 даромади КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз ҳамлу нақли мусофирон ба 95 млн. 150 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 2007 ба миқдори 24 млн. бештар аст. Дар нишасти матбуотӣ сардори корхона Амонулло Ҳукуматулло изҳор дошт, ки соли 2008 хароҷоти ҳамлу нақли мусофирон дар роҳи оҳан 118 млн. 937 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки дар қиёс бо соли 2007 ба миқдори 23 млн. сомонӣ зиёдтар мебошад. «Мо хароҷоти ҳамлу нақли қатораҳои мусофирбарро аз ҳисоби кашонидани бор рӯйпӯш менамоем», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи А.Ҳукуматулло, агар хоҷагии нақлиёти роҳи оҳани мусофирбар дар натиҷаи таҷдиди сохтори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мустақил гардад, он чун дар кишварҳои дигар фоидаовар нахоҳад буд.


