Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта ширкати «ПАВА»-и Русия аз рӯи барноми СММ воридоти орди хушсифати витаминдорро ба Тоҷикистон таъмин сохт.
Тавре маркази матбуоти ширкати мазкур хабар медиҳад, соли гузашта ҳаҷми умумии маҳсулоти воридшуда ба Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор тоннаро
ташкил додааст.
Дар иттилоъ гуфта мешавад, ки ҶСК «ПАВА» шарики Барномаи умумиҷаҳонии ғизои СММ буда, яке аз ширкатҳои бузурги русиягии таъминкунандаи кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта бо маҳсулот мебошад.
Дар ҳамин ҳол, аз рӯи нишондиҳандаҳои ҷамъбастӣ, ҳаҷми содироти ширкат дар соли 2008 нисбат ба соли пешин 77,5 дарсад афзудаанд. Гуфта мешавад, ки феълан ширкат бо истеҳсолкунандагон ва тоҷирони яклухтфурӯши 13 кишвари хориҷи дуру наздик, аз ҷумла Муғулистон, Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон, Таиланд ва дигар давлатҳо муносиботи хуби корӣ роҳандозӣ намудааст.


