Дар Душанбе реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ гардид

Date:






Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистони қариб комилан бебарқ монда реҷаи маҳдуди истифодаи барқ боз шадидтар мегардад. Акнун реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ дар пойтахт низ ҷорӣ мешавад. То имрӯз мувофиқи супориши сарвари давлат дар шаҳри Душанбе дар истифодаи нерӯи барқ ҳеҷ маҳдудият вуҷуд надошт.



Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, шурӯъ аз имрӯз ба аҳолии шаҳри Душанбе дар як шабонарӯз 15 соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Қатъи интиқоли барқ шабона аз соати 23 то 5-и субҳ ва се соат рӯзона пешбинӣ шудааст. Зикр гардид, ки ҳаҷми интиқоли барқ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ низ коҳиш хоҳад ёфт.



Энергетикҳои кишвар вазъи баамаломадаро ба қатъи интиқоли барқ аз Туркманистон, ки аз 1-уми январ Ӯзбекистон транзити онро тавассути қаламраваш боздошт, марбут медонанд.



Ғайр аз ин, вазъ дар нерӯгоҳи Норак низ феълан номусоид аст. Тайи даҳсолаи ахир бори нахуст мизони захираи об дар обанбори Норак 8,5 метрро ташкил додааст, ки он ба талафоти 1 млрд. кВт/соат нерӯи барқ баробар аст. «Ҳамин тариқ, то сатҳи ниҳоии иҷозати истифодаи об аз рӯи муқаррароти техникӣ ҳамагӣ


7 метр

боқӣ мондааст», – гуфт манбаъ.



Ба иттилои манбаъ, аз 27-уми январ ширкати «Барқи тоҷик» маҷбур шуд кори нерӯгоҳро ба реҷаи энергетикӣ гузаронад. Бо мақсади таъмини шаҳри Душанбе бо барқ тибқи супориши сарвари давлат аз 1-уми январи соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли барқ ба ширкати алюминии тоҷик «Талко» 6,5 млн. кВт/соат дар як шабонарӯз кам карда шуд, ки ин ҳаҷм 30 дарасди талаботи ширкатро қонеъ месозад.



Ёдрас мекунем, ки транзити интиқоли барқ аз Туркманистон ба ҷумҳурӣ аз 1-уми январи соли ҷорӣ – расо пас аз ду моҳи оғози он қатъ гардид. Интиқоли нерӯи барқи Туркманистон тавассути шабакаҳои барқии Ӯзбекистон ба кишвари мо аз 1-уми ноябр шурӯъ гардид. Тибқи созишномаи соли 2007 миёни Туркманистону Тоҷикистон,

 

кишвари ҳамсоя бояд то соли 2012 ба Тоҷикистон ҳамасола дар давраи тирамоҳу зимистон дар ҳаҷми 1,2 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол диҳад. Дар нишастҳои ИДМ ва ЕврАзЭС дар Бишкек сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷиҳати интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба кишвари мо тариқи шабакаҳои барқи Ӯзбекистон мувофиқа ҳосил карданд. 18-уми октяр дар Алмаато дар ин хусус тавофуқи ниҳоӣ ҳосил гардид. Тоҷикистон барои 1 кВт/соат нерӯи барқ ба Туркманистон 3 сент ва барои убури (транзити) он ба Ӯзбекистон 0,3 сент маблағ пардохт мекунад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...