Душанбе. 29-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Доктори улуми иқтисодӣ, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров бар чунин назар аст, ки Тоҷикистон бояд аз Шӯрои амнияти СММ дархост намояд, то ҷиҳати раҳоӣ аз муҳосираи иқтисодӣ ба ҷумҳурӣ кӯмак расонад.
Ба қавли ӯ, шурӯъ аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлол гаштани кишвар, Ӯзбекистон тавассути пеш гирифтани чораҳои иқтисодӣ ба мо фишор меорад ва сиёсати расмии Тошканд гувоҳи он аст, ки ӯ ба рафтори ногаҳонӣ қодир буда, метавонад аз иҷрои ӯҳдадориҳои гирифтааш дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои минтақавӣ даст кашад. «Қатъи тронзити барқи Туркманистон ба ҷумҳурӣ тасдиқи навбатии мавҷудияти муҳосираи иқтисодӣ аз ҷониби кишвари ҳамсоя мебошад», – гуфт ӯ.
Ҳ.Умаров мӯътақид аст, ки бояд Тоҷикистон ба Шӯрои амнияти СММ ҷиҳати таъсиси як комиссияи вижае барои ҳисоби хисороти расонидашуда дар тамоми тӯли соҳибистиқлолӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби кишвари ҳамсоя муроҷиат намояд. «Чандин касон бар чунин назаранд, ки дар харобсозии сарбанди нерӯгоҳи Роғун дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҷониби Ӯзбекистон низ иштирок доштааст», – гуфт коршинос.
Ба ақидаи коршинос, барои ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит сохтани дурустии мавқеи худ дар масоили истифодаи захоири обиву сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ, Тоҷикистон бояд мавқеи устувори ҳирфаӣ ва илман асоснокшуда дошта бошад.
Ҳ.Умаров нақши Русияро дар ҷараёни гуфтушунид оид ба масоили мазкур муҳим шуморида, таъкид сохт, ки иштироки Русия дар комиссия зарур аст, зеро мо ба Русия вобастагии зиёде дорем ва ин табиист. «Ҳузури муҳоҷирон дар Русия моро водор месозад, ки бо Русия муносибати эҳтиёткорона дошта бошем, зеро нуфузи Русия дар минтақа бузург аст», – мегӯяд ӯ.
Дар мавриди шарҳи изҳороти президенти Русия дар Тошканд оид ба «масоили истифодаи захоири обӣ», ки Душанбеи расмиро озурда сохт, Ҳ.Умаров изҳор дошт, дар ин маврид айби мо низ ҷой дорад, зеро сиёсати хориҷии мо низ гоҳе калаванда аст ва баъзан мо фаромӯш месозем, ки Русия шарики стратегии мост, ҳарчанд ин нуктаро худи ҳукуматдорон изҳор медоранд. «Чунин тарзи муносибати Русия ба масъала стратегӣ набуда, балки тактикӣ аст ва ҷавобгӯи манфиатҳои Русия мебошад, зеро Русия дарк месозад, ки Ӯзбекистон бозингари асосии минтақа аст», – гуфт Ҳ.Умаров.
Пофессор таъкид месозад, вазъи имрӯза, ки бинобар қатъи тронзити барқи Туркманистон кишвари мо ба он мувоҷеҳ гаштааст, бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон бояд ҷиҳати бунёди нерӯгоҳи Роғун тамоми чораҳоро биандешад, то аз вобастагии энергетикӣ ба кишварҳои дигар раҳо ёбад.


