Душанбе. 29-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Барои таъмиру таҷдиди беш аз 2 ҳазор километр роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ то соли 2011, зиёда аз 1 миллиарду 300 миллион доллар масраф мешавад. Ин матлабро дар як нишасти матбуотӣ вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Абдураҳим Ашӯр баён кард.
Бештари маблағхо аз буҷети мамлакат ҷудо гардида, қисми боқимондаро сармоя ва қарзи созмонҳои байнамилалӣ ташкил хоҳад дод. Оқои Ашӯр гуфт, беш аз 80 дар сади маҳсулоти саноатӣ ва маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон тавассути нақлиёти автомобилӣ ҳамлу нақл мешавад. «Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки роҳҳои кишвар дар рушди иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим мебозанд», – афзуд вазир.


