Душанбе. 29-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Бар асари садама дар мавзеи Куфоби ноҳияи Дарвоз афсари Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба ҳалокат расид.
Тавре навбатдори шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Дарвоз Идибек Ватанов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, 26-уми январ мошини зиреҳпӯши вазорати мудофиа, ки қатори мошинҳои низомиро ҳамроҳӣ мекард, ба дарёи Панҷ сарозер рафт. «Дар натиҷа ронандаи мошини зиреҳпӯш ба ҳалокат расида,
ҷасади
лейтенанти калони вазорати дифои кишвар – Улуғбек Ғоибов ҳанӯз пайдо нашудааст
», – гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи додситони низомии гарнизони Хоруғ Фармон Шарипов, ҷиҳати ошкор сохтани ҷузъиёти рух додани садама ба ҷои ҳодиса муфаттиш сафарбар гардид.


