Хоҷагиҳои деҳқонии кишвар барои истифодаи об аз давлат ба маблағи 41 млн. $ қарздоранд

Date:



           

Душанбе. 30-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Саиди Ёқубзод дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки вазорат аз миқдори қарзи зиёди ҷамъшудаи хоҷагиҳои деҳқонӣ изҳори нигаронӣ дорад, зеро имрӯз маблағи ин қарз ба 148 млн. сомонӣ расидааст. «Соли сипаригашта хоҷагиҳо қарзашонро ҳамагӣ ба андозаи 27 дарсад пардохт намуданд, вале мо то ҳанӯз 80-90 дарсади хоҷагиҳоро бо об таъмин месозем», – гуфт ӯ.





           

Ба гуфтаи вазир, камбуди маблағ имкон намедиҳад, ки саривақт корҳои омодагӣ ба мавсими нави киштукор анҷом дода шаванд ва ҳамчунин вазорат дар назди ширкати «Барқи тоҷик» аз истифодаи барқ ба маблағи 92 млн. сомонӣ қарздор аст. «Эҳтиёҷи солонаи истифодаи барқ дар бахши мелиоратсия ҳамагӣ 52 млн. сомониро ташкил медиҳад, маблағи боқимонда қарзи солҳои пешин аст», – афзуд С.Ёқубзод.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...