Душанбе. 30-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон гумрукчиёни тоҷик миқдори зиёди маводи мухаддир мусодира намуданд.
Тавре аз Раёсати минтақавии хадамоти гумруки вилояти Хатлон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанде қабл дар қаламрави Панҷи Поён ба гумони интиқоли маводи мухаддир мошине боздошт гардид, ки ба он семент бор карда шуда буду аз Афғонистон сӯи Тоҷикистон равона буд. Зимни азназаргузаронии мошини боркаш кормандони хадамоти гумрук беш аз 30 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира намуданд. Зиёда аз 22 килои онро маводи сахттаъсири ҳероин ташкил медиҳад.
Феълан шахсони ба ин ҷиноят дастдошта муайян карда мешаванд.


