Душанбе. 31-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Айни замон ширкати «Барқи тоҷик» баҳри таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ тамоми имконоти дар ихтиёр доштаашро истифода мебарад.
Тавре муовини аввали раиси ширкат Баҳром Азизов чанде қабл ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, реҷабандии истифодаи барқ, ки дар кишвар аз 28-уми январ ҷорӣ гардид, минбаъд шадидтар карда намешавад, баръакс, дар сурати афзоиши ҳаҷми ҷоришавии об ба обанбори Норак, он сабуктар хоҳад шуд. «Пас за реҷабандии истифодаи барқ ба сокинони пойтахти ҷумҳурӣ ба муддати 19-20 соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад, ҳарчанд тибқи нақшаи реҷабандӣ ҳаҷми интиқоли он ба 15 соат муқаррар гардида бошад ҳам», – гуфт ӯ.
Ба қавли муовини раиси ширкат, вазъ танҳо дар сурати сардшавии сахту ногаҳонии обуҳаво, ки ҳаҷми ҷоришавии об дар рӯдхонаи Вахшро хеле кам месозад, метавонад мушкитар шавад. «Дар мавриди барқарорсозии транзити барқи Туркманистон ба ҷумҳурӣ ҳаминро гуфтаниам, ки мо дар масъалаи транзити барқ дар назди Ӯзбекистон қарздор нестем ва кунун низ тайёрем, ки маблағи муқаррарнамудаи онҳоро саривақт пардохт созем», – гуфт Б. Азизов ва афзуд, ки ҷониби Ӯзбекистон қатъи транзити барқи Туркманистонро ба мушкилоти техникӣ вобаста медонад ва Тоҷикистон омода аст, ин масъларо низ бо роҳи гуфтушунид ҳал намояд.


