Дар Тоҷикистон бензин боз қиммат шуд

Date:




           

Душанбе. 31-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар муддати як моҳи ахир дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ арзиши бензин ба андозаи 17 дарсад боло рафт. Агар аввали моҳи январ арзиши як литр бензини навъи АИ-95 ба 2,40 сомонӣ (0,65 $) баробар буд, феълан нархи он ба 2,80 сомонӣ расидааст.





           

Дар нишасти хабарӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғулом Бобозода изҳор дошт, ки болоравии арзиши бензин ба коҳиши қурби асъори миллӣ нисбати доллари амрикоӣ (7 дарсад) вобаста аст, зеро муносиботи тиҷоратӣ бо ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ асосан тариқи доллари амрикоӣ сурат мегирад. «Ғайр аз ин, миқдори таъминоти ҷумҳурӣ бо бензин, ки дар як моҳ ба 20 ҳазор тонна баробар аст, моҳи январ то 12 ҳазор тонна камтар шудааст», – гуфт ӯ.




           

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ мегӯяд, иллати дигар дар он аст, ки ба муносибати таҷлили соли нави масеҳӣ қариб ду ҳафтаи аввали соли равон дар Русия рӯзҳои истироҳат эълон шуда буданд ва табиист, ки содироти маводи сӯзишворӣ дар ин давра нисбатан камтар шудааст ва ин бешак, ба воридшавии маводи сӯзишворӣ ба кишвари мо низ бетаъсир намонд, зеро 90 дарсади маводи сӯзишвориро Тоҷикистон аз Русия ворид месозад.




           

Ғ.Бобозода таъкид сохт, ки ба чунин вазъ ҳамчунин болоравии тарофаҳо ба газ низ асар гузошт, зеро бинобар болоравии нархи гази табиӣ аксари ронандагон ба истифодаи бензин рӯ оварданд.




           

Ба гуфтаи вазир, айни замон ҷиҳати омӯзиши бозори дохилии маводи сӯзишворӣ вазорат гурӯҳи кории махсус таъсис додааст. «Мо ба ширкати фаръии «Газпром» – ҶС «Зарубежнефтегаз», ки аз ҳаҷми умумӣ беш аз 35 дарсади маводи сӯзишвориро ба Тоҷикистон ворид месозад, пешниҳод кардем, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ нуқтаҳои фурӯши хусусии худро боз намояд, ки чунин иқдом низ бояд ба коҳиши арзиши бензин муосидат кунад», – афзуд Ғ.Бобозода.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...