Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки ҷаҳонӣ пешбинӣ мекунад, ки соли 2009 интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои минтақаи Осиё Марказӣ ба андозаи 40-50дарсад коҳиш хоҳад ёфт.
Коршиноси бонки мазкур Дилип Рат мегӯяд, мушкилоти мазкур бевосита ба кишварҳои қашшоқи қаламрави ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсир хоҳад гузошт.
Ба қавли коршинос, барои Тоҷикистон интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ нақши муҳимеро касб кардааст, зеро 54 дарсади маблағи ҳаҷми иқтисоди кишвар ба он рост меояд.
Тибқи маълумоти бонк, соли гузашта муҳоҷирони меҳнатӣ ба Тоҷикистон – 1 млрд. 300 млн. $, Қирғизистон – беш аз 1 млрд. $ ва Ӯзбекистон – 1 млрд. 800 млн.
$
маблағҳои пулӣ интиқол додаанд.





