Душанбе. 6-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳайати Хазинаи байнулмилаии асъор таҳти сарварии Аксел Шиммелпфенинг оид ба баҳогузорӣ ба иҷрои Барномаи мониторинги Хазина, ки моҳи декабри соли гузашта анҷом ёфта буд, гузориш хоҳад дод. Ҳайати мазкур бо дархости ҳукумати кишвар ва Бонки миллии ҷумҳурӣ чанде қабл дар Душанбе ба кор шурӯъ намуд.
Тавре аз намояндагии хазина дар ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайтаи мазкур бо мақсади кӯмак ба ҳукумат ва БМТ дар таҳияи сиёсати мувофиқи макроиқтисодӣ, ки таъсири оқибатҳои ногувори бӯҳрони молиро дар назар дошта бошад, дар Душанбе қарор дорад. «Ҳамчунин баррасии Барномаи нави ХБА низ дар назар аст», – гуфт манбаъ.



