Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Нақшаи ниҳоии чорабиниҳои ҳукумати кишвар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз оқибатҳои ногувори бӯҳрони молӣ нимаи моҳи феврал таҳия хоҳад гашт.
Тавре ёвари вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Анвар Латипов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, айни замон бо назардошти пешниҳоду тавсияҳои вазорату идораҳои дахлдор комиссияи байниидоравӣ рӯи такмили санади мазкур кор мекунад. «Пас аз таҳрири санад бо назардошти вазъи зудтағйирёбанда комиссия бояд чорабиниҳои аввалиндараҷаро муайян созад», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ёвари вазир, нақшаи чорабиниҳо аз панҷ ҷузъ – сиёсати андозу буҷавӣ, дастгирии давлатии бахши воқеии иқтисод, таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ, таъмини амнияти ғизоӣ ва чорабиниҳои умумӣ оид ба роҳандозии ислоҳот иборат аст.


