Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон ба қатори се кишваре, ки русиягиҳо бештар намехоҳанд ба он сафар дошта бошанд, шомил гашт. Аз Маркази омӯзиши афкори ҷомеаи умумирусиягӣ хабар медиҳанд, ки пас аз доир сохтани назарсанҷӣ аз ҷониби агентии таҳқиқотии «Монитори АвруОсиё» чунин натиҷагирӣ карда шудааст.
Тақрибан 1 дарсади пурсидашудагон хостори сафар ба Тоҷикистон ва Қирғизистон шудаанд. Аз ин миқдори камтари русиягиҳо сафар ба Туркманистонро ҷонибдорӣ кардаанд.
Сокинони Русия аз ҳама бештар хостори сафар ба Украина (14 дарсади пурсидашудагон) мебошанд. Ба Гурҷистон 8 дарсад ва Белорусу Латвия 6 дарсади пурсидашудагон хоҳиши сафар кардан доштаанд. Дар ҳамин ҳол, 45 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон сафар ба Русияро маъқул медонанд.


