Душанбе. 11-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Бонки рушди Тоҷикистон» бо намояндаи расмии ширкати «
Mitsubishi
Motors
» – ҶСП «Мастерхауз» қарордоди шарикӣ ба имзо расонид.
Тавре аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, тибқи қарордоди баимзорасида, акнун ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» барои харидории мошинҳои навъи «
Mitsubishi
Motors
» ба мизоҷони худ қарз ҷудо карда метавонад.
Ба иттилои манбаъ, феълан бонк бо ширкатҳои марбут ба фурӯши автомобили ҶДММ «Ҷаҳонгир», ҶДММ «Тоҷиктранскар» ва ҶДММ «Тоҷик-Тойота» муносиботи ҳамкорӣ дорад. «Дар соли 2008 бонк ҷиҳати харидории автомобилҳо ба маблағи 1 млн. 271 ҳазору 592 сомонӣ (ҳудуди 374 ҳазор $) қарз ҷудо кард», – гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки яке аз омилҳои афзудани ҳаҷми маблағи қарзҳо барои харидории автомобил дар он аст, ки рӯз то рӯз фурӯшгоҳҳои мошинҳо зиёд мешаванд.


