Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Созмони байнулмиллии дифоъ аз ҳуқуқи Human Rights Watch гузориш дар бораи вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия аз соли 2006 то соли 2008-ро дар бахши сохтмон интишор сохт.
Дар гузориш иттилоъ дода мешавад, ки аз ҷиҳати қабули муҳоҷирон Русия пас аз ИМА дар ҷаҳон мақоми дуввумро ишғол мекунад ва 80 дарсади корҷӯён ба Русия аз 9 кишвари ИДМ меоянд, ки миёни ин кишварҳову Русия тартиботи раводид ҷорӣ нест.
Оид ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон дар гузориш гуфта мешавад, ки вазъи ногувори иқтисод ва бекорӣ 12 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ба муҳоҷирати меҳнатӣ водор сохтааст. Ҳамчунин зикр мегардад, ки дар қатори Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Қирғизистону Ӯзбекистон ва Украина низ бештар баҳри ҷӯстуҷӯйи кори муносиб ба Русия рӯй меоранд.


