Дар дафтари кории НАТО дар шаҳри Брюссел намоишгоҳи асарҳои беҳтарини рассомони тоҷик идома дорад

Date:



           

Душанбе. 14-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар дафтари кории НАТО дар шаҳри Брюссел намоишгоҳи асарҳои беҳтарини рассомони тоҷик, ки 11-уми феврал ифтитоҳ гардид, идома дорад.





           

Дар маросими ботантанаи ифтитоҳи намоишгоҳ дабири куллии созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Ян де Хооп Схеффер, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳайати Тоҷикистон, кормандони созмон ва намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои дигари ҷаҳон ширкат варзиданд.




           

Зимни суханронӣ дабири кулли НАТО изҳор дошт, ки намоишгоҳи мазкур дар муносиботи дуҷониба саҳифаи нави маънавиро боз намуда, барои аз наздик ошно гаштан бо фарҳанги ғаниву қадими мардуми тоҷик имконот фароҳам месозад.




           

Дар навбати худ сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо ҳаёт, маишат ва фарҳанги мардуми оддии тоҷик аст ва маҳз чунин чорабиниҳо барои дарки беҳтари фарҳангу тамаддуни ҳамдигар ва густариши ҳамкориҳои амиқ миёни кишварҳо баҳри сулҳу субот ва некӯаҳволии мардуми сайёра кӯмак мерасонанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related