Душанбе. 14-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 17-18-уми феврали соли ҷорӣ дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри Минск ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба мувофиқасозии лоиҳаи қарор дар бораи нақшаи татбиқи Консепсияи рушди донишандӯзии калонсолон доир мегардад.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи ИДм ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, нақшаи чорабиниҳои консепсияи мазкур ба фароҳам сохтани шароит барои ташаккули фазои ягонаи (умумии) омӯзиш дар кишварҳои узви иттиҳод равона гардидааст. «Яке аз механизмҳои муҳими ташаккули чунин фазо донишандӯзии калонсолон ва фаъолияти маърифатнокӣ мебошад», – гуфт манбаъ.
Интизор меравад, ки чорабиниҳои муштараки нақша аз ҳисоби кишварҳои манфиатдор маблағгузорӣ гардида, дар марҳилаи аввал таҳияи заминаи меъёриву ҳуқуқии иқдоми мазкур пешбинӣ шудааст.


