Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи Созишномаи Норвегия оид ба рушди муколамаи иҷтимоӣ ва Барномаи байнулмилалии аз байн бурдани шаклҳои бадтарини истифодаи меҳнати кӯдакон дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе тренинги серӯза баргузор мешавад.
Тавре ҳамоҳангсози барнома дар Тоҷикистон Муҳайё Хосабекова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тренинги мазкур ба дастгирии муколамаи иҷтимоӣ тавссути пешниҳод сохтани омӯзиш барои фермерон ва кормандони иттифоқҳои касаба, ки дар барҳамсозии меҳнати кӯдакон дар хоҷагиҳои пахтакорӣ ва маҳалҳо нақши муҳим мебозанд, равона гардидааст.
Ба гуфтаи М.Хосабекова, дар ҷараёни баргузории тренинг иштирокдорон инчунин бо дастурҳои таҳиянамудаи барнома оид ба барҳам додани истифодаи меҳнати кӯдакон дар бахши кишоварзӣ ошно хоҳанд гашт.


