Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ
Роҳбари гур
ӯ
ҳи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба То
ҷ
икистон Аксел Шиммелпфенниг бо натиҷагирӣ аз фаъолияти дуҳафтаинаи ҳайати ин созмон дар Тоҷикистон (аз 5 то 18-уми феврал) изҳор дошт, ки соли равон барои Тоҷикистон душвор ҷараён хоҳад дошт ва дар робита бо чунин вазъ ХБА дар чаҳорчӯбаи барномаи коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ ҳаҷми кӯмаки молиявиро ба Тоҷикистон афзун карданист.
Ба гуфтаи ӯ, миёни ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҳайати ХБА оид ба татбиқи барномаи «Коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ» тавофуқи пешакӣ ҳосил гардидааст ва ҷиҳати дастгирии амалисозии он дар муддати се сол ҷудо кардани 120 млн. $ аз эҳтимол дур нест. «Аммо ин тавофуқро акнун бояд Шӯрои иҷроияи ХБА (Вашингтон) тасдиқ созад ва интизор меравад, ки масъалаи мазкурро шӯро аввали моҳи апрел мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод», – афзуд Аксел Шиммелпфенниг.


