Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев президенти ширкати «Донхва Констракшн»-и Куриёи Ҷанубӣ Сео Сеок Херо ба ҳузур пазируфт.
Тавре сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили рафти лоҳакашии чаҳор манзили зисти баландошёна ва Маркази намоишгоҳ дар кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанберо, ки сохтмони онро ширкати мазкур ба ӯҳда гирифтааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.
«М.Убайдуллоев таъкид сохт, ки барои фаъолияти пурсамари ширкати хориҷӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ тамоми шароитҳо муҳайё хоҳанд шуд», – афзуд Ш.Саидов.


