Душанбе. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳои нақлиётии ҳайати қумондонии Қувваҳои мусаллаҳи ИМА таҳти роҳбарии сардори Раёсати барномасозии стратегӣ, сиёсӣ ва таъминоти моддию техникӣ ин сохтор контр – адмирал Марк Харничек ба Душанбе омад.
Тавре аз сафорати ИМА ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати мазкур ҷиҳати омӯзиши зерсохтори нақлиёти Тоҷикистон ва баргузории машваратҳо бо коршиносони вазорату идораҳои дахлдор баҳри таъмини интиқоли борҳои ғайринизомӣ барои кӯмак ба нерӯҳои НАТО дар Афғонистон ба кишвари мо ташриф овардааст.
Бино ба иттилои манбаъ, пагоҳ М.Харничек бо намояндагони Вазорати нақлиёту коммуникатсия ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дидору гуфтушунид хоҳад кард.


